Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рў ба тафаккуру тааммуқ ниҳад ва ба олами ботинии худ сайр кунад:

Чу мардон бош, тарки хобу х(в)ар кун,
Чу сайёҳон яке дар худ сафар кун.
Чу бошад хобу хўр кори баҳоим,
Ба маъкулот шуд кори ту қоим.
Вале бедор шав, то чанд хуфтӣ,
Бубин худро-ҷаҳони пуршигифтӣ!
Тафаккур кун, бубин, ту аз куҷоӣ,
Дар ин зиндон ту аз баҳри чароӣ?
Қафас бишкан, ба ҷои хештан шав,
Чу Иброҳими Озар бутшикан шав12

Хобу ғафлатро шоир аждаҳое медонад, ки бар сари ганҷи худшиносии инсон хуфтааст. Инсонро зарур аст, ки ин аждаҳоро дар ниҳоди худ бикушад ва озодии ботиниву шахсӣ ба даст орад:

Ту дорӣ аждаҳое бар сари ганҷ,
Бикуш ин аждаҳо, фориғ шав аз ранҷ!
Агар қуташ диҳӣ, бечора бошӣ,
Зи ганҷи бекарон бебаҳра бошӣ.
Туро дар хона ганҷ асту ту дарвеш,
Туро марҳам ба даст асту ту дилреш.
Ту дар хобӣ, куҷо оӣ ба манзил,
Тилисм ороиву аз ганҷ ғофил.
Сабук бишкан тилисму ганҷ бардор,
Бикаш ранҷеву аз худ ганҷ бардор.

Дар роҳи худшиносӣ ва такомули инсон нақши поксозии ахлоқ хеле бузург аст. Инсонро зарур аст, ки қабл аз ҳама хислатҳои бади худро пай бурда, онҳоро аз худ дур созад. Он хислатҳои бад аз назари шоир пеш аз ҳама бухл, хашм ва оз, яъне ҳарисӣ мебошанд. Сипас макру шаҳват, кибру ҳасад чун хислатҳои бад зикр мегарданд:

Дар ин зиндон ҳарифе чанд бо туст,
К-аз ин ёрон ҷудоӣ боядат ҷуст.
Яке бухлу дуввум хашму савум оз,
Чаҳорум макру панҷум шаҳвату ноз.
Шашум кибру ҳасад ҳар ҳафт ёрат,
К-аз ин ёрон халал бигрифт корат. Мазаммати хислатҳои мазкурро дар осори шоирони пешин, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳам тақрибан ба ҳамин тартиб метавон мушоҳида кард.

пешина
аз 625
навбатӣ