Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавре ки дар китоби «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» нишон дода шудааст, мазаммати хислатҳои бад дар «Шоҳнома» асосан аз пандномаҳои давраи сосонӣ, ба хусус аз «Панднома»-и Бузургмеҳр иқтибос гардидааст. Тавре ки маълум аст, ситоиши хислатҳои нек ва мазаммати хислатҳои бад дар ҳикмати амалӣ матраҳ мегарданд. Носири Хусрав низ ба ин масъалаҳо дар «Рўшноинома» фақат ишора намуда, ба таври муфассал дар манзумаи «Саодатнома», ки онро метавон идомаи маснавии мазкур шуморид, ҳаллу фасл кардааст.
Бинобар ин бар мабнии мазмуну муҳтаво «Рўшноинома»-ро ба ҳикмати назарӣ ва «Саодатнома»-ро ба ҳикмати амалӣ мансуб донистан мумкин аст. Зеро чунон ки дидем, дар маснавии аввал шоир бештар ба масъалаҳои куллии фалсафӣ таваҷҷўҳ зоҳир намудааст, вале дар маснавии дуввум бидуни муқаддима ба насиҳат пардохтааст. Дарвоқеъ «Саодатнома» аз ибтидо то интиҳо аз панду андарзҳои ҳакимона иборат буда, мавзўъҳои некиву накўкорӣ, ростиву росткорӣ, ризо, тамаъ, ҳасад, хомўшӣ, дўстӣ, сахо, омўзиш, ғанимати умр, хушхулқӣ, дастгирии пирон, нигаҳдории забон, фақр, даъво, касбу ҳунар, деҳқонӣ, ҳаё ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.
Андешаҳои ахлоқӣ ва панду андарзҳои шоир, ки бо роҳу василаҳои гуногун хеле муҷазу нишонрас баён шудаанд, бо мурури замон арзиши маънавию бадеии худро гум накардаанд ва имрўз ҳам дар пешгириву ислоҳи хислатҳои зишт ва тарбияту ҳидояти мардум ба роҳи росту созандагӣ нақши калон мебозанд.
Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки Носири Хусрав ба маснавиҳои худ унвонҳои мувофиқи рамзӣ гузоштааст. Агар «Рушноинома»
бештар ҷанбаи умумиву роҳнамоӣ дошта бошад, пас «Саодатнома» ишора ба он аст, ки ҳар кас соҳиби он хислатҳои ҳамида гардад, хушбахт хоҳад шуд, Маснавии «Саодатнома» бидуни муқаддимаи тўлонӣ бо хитоб ба хонанда шурўъ мешавад, ки дар он ў ба худшиносӣ даъват мегардад. Аз байтҳои аввали маснавӣ шоир ба мақоми инсон ишора намуда, ўро ба кору меҳнат даъват мекунад:

Дило, ҳамвора таслими ризо бош,
Ба ҳар ҳоле, ки бошӣ, бо Худо бош.
Худоро бош, агар марди Худоӣ,
Макун бегонагӣ, гар ошноӣ….
Туро бар ҳар ду гетӣ баргузиданд,
Ҳам охир баҳри корат офариданд. Шоир дар фасли аввали маснавӣ ба шарҳу тавзеҳи он кор пардохта, маҳз кори некро ба инсон тавсия менамояд.

пешина
аз 625
навбатӣ