Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро кори инсон метавонад бар зидди дигарон ё ба табоҳиву харобкорӣ равона шуда бошад. Носири Хусрав кореро, ки ба манфиати инсон набошад, намеписандад ва сахт мазаммат намуда, зарари онро нишон медиҳад:

Азизо, гар ба худ хорӣ нахоҳӣ,
Макун коре, ки боз орад табоҳӣ.
Макун коре, ки аз нангу надомат,
Сияҳрўӣ шавад андар қиёмат.

Носири Хусрав дар ибтидои маснавӣ маҳз кори некро талқин намуда, онро беҳтарин фаъолияти инсон медонад, ки писандидаи ҳам Худованд ва ҳам бандагонаш аст:

Чу дар некӣ ризои Кирдигор аст, Беҳ аз некӣ, назар кун, то чӣ кор аст? Муҳимтарин хислати инсон аз нигоҳи шоир некиву некўкорист. Шоир ба тавсифу ситоиши некӣ напардохта, онро бо мисолҳои мушаххас нишон медиҳад ва зуҳури некиро дар роҳатрасонӣ ба одамон, меҳрубониву хушзабонӣ, ёриву мадад ба корафтодагону муҳтоҷон, дилсўзиву ғамхорӣ ба бечорагон ва амсоли инҳо медонад:

Бикун коре, ки андар зиндагонӣ,
Накў хоҳӣ ба кас, роҳат расонӣ.
Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош,
Чу корат карда ояд, дар амон бош.
Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасту забони худ маёзор!
Ба корафтода коромўз мебош,
Ба ҳар дилсўхта дилсўз мебош.
Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас, к-ў ҷароҳат кард, бад кард.
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош.

Тавре ки Н.Арабзода дуруст таъкид кардааст, «мафҳуми некӣ
дар таълимоти Носири Хусрав дар марзи шуури ахлоқӣ маҳдуд
намонда, тадриҷан мазмуни иҷтимоӣ касб мекунад».

пешина
аз 625
навбатӣ