Равзанаи адаб

Носири Хусрав ҳамчунин ба падару модарони худ хидмат кардани фарзандонро аз зуҳуроти некиву накўкорӣ медонад:
Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун,
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар ҳам солҳо тимордорат…
Дастгириву пуштибонии пирон бояд вазифаи ҳар ҷавон бошад, зеро пирӣ барои ҳар кас ногузир аст:
Ба пирони забун кун дастгирӣ,
Ки дар пирӣ бидонӣ қадри пирӣ.
Аз нигоҳи шоир инсон бояд дар иҷрои ҳар кори нек дилу нияти рост дошта бошад ва ҳамеша росткор бошад, ки ин боиси растагорӣ аз ҳама мушкилот хоҳад шуд:
Дилатро рост кун, гар росткорӣ, Ки ҳаст аз росткорӣ растагорӣ.
Ситоиши касбу ҳунар дар «Саодатнома» ҷойи хосе дорад.
Шоир косибу ҳунармандро шахси хушбахт мешуморад, зеро ў бо ҳосили меҳнати худ зиндагӣ мекунад ва мўҳтоҷи дигарон нест:
Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест,
Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест.
Ба рўз андар паи сомони хеш аст,
Чу шаб дар хона шуд, султони хеш аст.
Деҳқон низ аз нигоҳи Носири Хусрав дорои иззату эҳтироми зиёд аст. Зеро ў ба дигарон фақат мадад мерасонад. Деҳқон на танҳо рўзирасони одамон аст, балки ба ҳайвоноту паррандагон ҳам ёрирасон буда, онҳоро парвариш мекунад. Деҳқон низ мисли косиб бо меҳнати ҳалол ризқу рўзии худро ба даст меорад. Аз ин рў мақоми деҳқон дар ҷомеа хеле баланд аст:
Беҳ аз саннои олам, деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро рўзирасон аст…
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Ки користон аз ў чун бўстон аст…
Ба роҳат аз даҳоқин мурғу мўранд,
Ҳама гар одамию гар сутуранд.
Ба коранду ҳама мардони коранд, Арақ резанду қути халқ оранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё