Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чой монам?– пурсид ӯ.
Ман ҷавоби инкор додам. Сипас дари ҳуҷраи хоби Далерро кушодам ва чун паст – паст нафаскашии ӯро шунидам, дилам осуда шуда, дарро пӯшидам. Абдумаҷидро дар рушноии шаб-чароғи хонаи хобамон хело наззора кардам ва танҳо баъди ин тағйири либос намуда, болои бистар дароз кашидам.
Ба ҳама мондагии худ нигоҳ накарда бандаро то қарибиҳои субҳ хоб набурд ва маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду ман дар атрофи он ду расме, ки акнун дар ҷайбам буданд, сари андеша қарор гирифтам. Болои монитори хотиротам симои зани ҳиҷобпӯш не, балки духтараки 23 – 25 солаи миёнақад бо чеҳраи ниҳоят нуронӣ, мӯйи сари марғулаи кутоҳкардашуда, ки куртка ва шими ҷинсаш ӯро ба мардуми Кавказ шабеҳ медод, пайдо шуд. Дар рушноии шабчароғ ҳам бошад нигоҳи тамасхӯромези ӯро эҳсос намудам. Ӯ бо ҳамон табассуми сардаш бандаро маҷбур сохт, ки чашмамро ба роҳи худ дӯзам, дурустараш ба зани бегона бо ҳавас нигоҳ накунам, вале худ лаҳзае пас симои зоҳирии худро дигар намуда, дар зери ҳиҷоб ба вохӯрии дигар кас шитобид. Ӯ кию чӣ кора буд, ман намедонистам ва боз ин ду расм бо ду тане, ки бо амри касе сар ба бод доданд.
Ӯ кист? Муносибати вай бо Салим Ворис дар кадом поя аст? Ҳазор як суоле чун бод мавҷи хаёлотамро тоб медоду тоб, вале... Банда ба ҳеҷ кадоме аз онҳо посухе ёфта натавонистам.
«Кори шаб хандаи рӯз».– Ба нидои қалби худ эътироз карда натавонистам. Ҳарчанд ин шаб бароям шаби бобарор буд.
Ман фаҳмидам, ки болои бистари мулоим ғел зада чунин як муаммоеро, ки бо тақдири инсон вобастагии калон дорад ҳал кардан ғайриимкон аст, аз ин рӯ шабчароғро ҳам хомӯш намудам.
Гумон доштам, ки дар торикӣ аз ҳуҷуми андешаҳои ботил раҳойӣ хоҳам ёфт, вале лаҳзае пас ба хулосае омадам, ки ин ҳама хаёли ботил асту бас. Лашкари аҷнабиён (фикрҳои ботил дар назаранд) аз торикӣ истифода бурда ба шабохун бархестанд.
Доду фарёд ва валвалаи онҳоро дида бо ҳарду дастонам гӯшҳоямро доштам...
Дигар дар ёдам нест, ки шабохуни аҷнабиён бо чӣ анҷомид ва чун дигарбора чашм кушодам худро дар зери обу арақ ғутида дидам.

пешина
аз 515
навбатӣ