Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чӣ хел ҳамчунин, оё шумо ба суроғаи Сарвиноз наомадаед?
– Модоме ки шумо аллакай дар бораи ташрифи банда огоҳӣ доред, ана дар ҳамин бора суҳбат мекунем.
– Ў духтари бад нест.
– Ман вайро бад нагуфтаам.
– Пас чиро донистан мехоҳед?
– Рақами телефон ва ё суроғаи вайро.
– Рафту ман рақами телефон ва суроғаи Сарвинозро надонам чӣ?
– Агар дар асл надонед боке нест, вале рафту агар Сарвиноз тасдиқ намояд, ки шумо рақами телефон ва суроғаашро медонистед, ин танҳо бар зарари худи шумост.
– Чаро бар зарари ман будааст?
– Чунки шумо ба дугонаатон ёрӣ додан намехоҳед.
– Чӣ хел ёрӣ, мо худ ба ёрии Сарвиноз муҳтоҷем, ин ҷо бошад…
– Хатто мекунед.
– Ман ҳеҷ шуморо нафаҳмидам.
– Чияш нофаҳмо?
– Тарзе гап мезанед, ки…
– Чӣ хел гап задам?
– Чун милиса.
– Дар ин ҷода шумо хатто накардаед, – гўён Фирдавси Ҳаким шаҳодатномаи хизматиашро аз ҷайбаш берун оварда онро ба пеши чашмони Раъно бурд.
Чун пешхизмат навиштаҷоти шаҳодатномаи хизматии мизоҷро қироат намуд, беихтиёр дар курсии рў ба рўйи ў нишаста гуфт:
– Гўшам ба шумо.
– Ман рақам ва ё суроғаи Сарвиноз ва ҳамчунин насабашро донистан мехостам.
– Номи падараш Зоҳир. Рақами телефонашро намедонам.
Маҳали зисташ кўчаи Ҳосилот. Рақамашро намедонам.
– Ў чанд сола аст?
– Бисту ду сола.
– Дугонаатон дирўз гуфт, ки ба наздикӣ тўй мешудааст, оё намегўед, ки домодшаванда чӣ кора аст?
– Ба фикрам вай ҳам милиса аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё