Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ному насабашро намедонед?
– Номаш Насим, ў гоҳ– гоҳ ба «Олами роз» меомад. Баъди аз ин ҷо рафтани Сарвиноз қадами мубораки Насим ҳам аз ин остона канда шуд.
– Вай чандсола аст?
– Насим?
– Ҳа.
– Таги сӣ. Ба фикрам бисту ҳашт– сисола.
– Вазифаю рутбаашро намедонед?
– Не.
Фирдавси Ҳаким боз суханони Гулбарг Амонро дар бораи Сарвиноз ба ёд овард: «Ду рўз пас аз ҳодисаи ба сари Ёсуман омада, бо пешниҳоди ҳамон шахсе, ки хабарро ба гўши ман расонида буд, ба қаҳвахонаи «Олами роз» рафтам ва бо Сарвиноз дар бораи хиёнатҳои шавҳарам ҳамин хел дар омади гап рози дил намудам. Аз он чӣ ки баъдтар шавҳарам он қасри кошии дар маҳаллаи Зарафшон ба номи ҷиянаш доштаро фурўхт ба хулосае омадам, ки Сарвиноз сухани бандаро ба гўши милиса расонидааст».
– Оё сабаби аз «Олами роз» рафтани Сарвинозро намедонед?
– Не.
– Гуфтед, ки дар кадом кўча зиндагӣ мекунад?
– Дар кўчаи Ҳосилот.
– Ташаккур. Ҳа дар воқеъ рафту агар Сарвиноз занг зад рақами телефон ва суроғаашро пурсед ва ана бо ин телефон, Фирдавси Ҳаким аз ҷайбаш дафтарчаеро бароварда рақами телефони худро навишта ба дасти Раъно дод, ба прокуратура занг занед.
– Шояд рақами телефонро ба Сарвиноз диҳам, ки ба шумо занг занад?
– Беҳтар мешуд, ки гуфтаи маро иҷро мекардед ва дар назди қонун қарзи шаҳрвандии хешро адо менамудед.
– Чӣ Сарвиноз ягон ҷиноят содир намудааст?
– Не, вале дар ҳодисае ў шоҳид аст. Шоҳиде ки метавонад дар кушодани ҷинояте ба тафтишот ёрӣ диҳад ва рафту агар ҷинояткор аз мақсаду мароми мо огоҳ гардад аҷаб нест, ки ўро чун шоҳиди номақбул аз байн набарад. Фаҳмо?

пешина
аз 558
навбатӣ