Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз рўйи психология наврасон дар синни понздаҳ – шонздаҳ солагӣ ба бисёр ҳаракатҳои хеш ҷавоб дода наметавонанд.
Маҳз ҳамин синну сол барои наврас аз ҳама хатарнок аст. Онҳо дар чунин синну сол ба ҳар кор ё дурусттараш қадами ноҷо мондан тайёранд. Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки баъзе аз духтарон дар ҳамин синну сол ҷўёи муҳаббат мешаванд ва гоҳо ба зиндагии ояндаи хеш хатти батлон мекашанд. Ман донистан мехостам, ки тайи як ё якуним соли охир чунин амалеро ки боиси нигаронии аҳли хонадон гашта бошад, дар ҳаракатҳои Ёсуман мушоҳида накардаед?
– Шумо бар он ақидаед, ки аз хона баромада рафтани Ёсуманро чунин сабаб аст,– пурсид модар.
– Биёед беҳтараш дар бораи ақидаи мо фикр накунед. Хуб мешуд, ки шумо ба суолҳои мо ба таври конкретӣ ҳа ё не ҷавоб медодед. Танҳо дар асоси посухҳои шумо мо нақшаи корҳои ҷустуҷўйиро тартиб медиҳем.
– Ман– ку як умр аз пайи кор будам, оё худат дар рафтори духтарат ягон тағйиротеро мушоҳида накардӣ? – ба тарафи ҳамсараш нигариста пурсид мард.
– Тирамоҳи соли гузашта як шаб Ёсуман ба хона наомад.
Чун субҳи фардояш пой бар остонаи хона гузошт, ман рангу рўйи ў канда дидам. Ба суолам посух дод, ки шаб дар хонаи Қиммат будааст. Гўё дугонааш ўро дар роҳ дида, ба зодрўзаш таклиф намудааст. Чун дар маҳаллаи мо ҳамон шабу рўз телефонҳо кор намекарданд, ў моро огоҳ карда натавонистааст.
Худи ҳамон лаҳза ман ўро бо худ гирифта ба кўча баромадам ва аз телефони автомати сари кўча ба хонаи дугонааш занг задам. Ба бахти ў ҳамон лаҳза Қиммат дар хонаашон будааст ва маро бовар кунонд, ки Ёсуман дишаб дар зодрўзи ў буд. Дигар ман ягон рафтори ноҷойи ўро тайи ҳамин муддат надидаам.
Албатта, ў гоҳ– гоҳ ба аёдати хешу табор ва ё дугонҳояш мерафт, вале ҳатман ба хона бармегашт.
Аз шунидани ин суханон падари духтар қариб буд, ки бо ҳамсараш даст ба гиребон шавад. Ў ҳамсарашро сари ҳамин масъала гунаҳкор кардан мехост. Аз он чӣ ки Ёсуман бе ягон сухан аз хона баромада рафта буд, мехост ба сари ҳамсар чормағз шиканад.

пешина
аз 558
навбатӣ