Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳодисаи рухдода худ ҳаминро тақозо мекунад, ки баъди гуфтугўи телефонии мо ҷинояткорон имконияти дар суҳбати хосаи Сарвиноз нишастанро надоштанд. Маҳз ҳамин ҳолат боиси дар соя мондани банда гардидааст.
– То бад нагўӣ, нек пеш наояд, рафту… дуюмбора нидое берун омад аз он қалби «бемор».
… «Ман хоҳиш мекунам, ки дар ин бора ба касе даҳон накушоед, чунки агар ба Сарвиноз ҳодисае рух диҳад ману шумо на танҳо дар назди виҷдони хеш балки дар назди қонун ҳам ҷавоб хоҳем гуфт» – ба ёд овард суханони илтиҷоомези Фирдавси Ҳакимро.
Суҳбати телефонии ў ба Сарвиноз акнун оби рехтаю шишаи бишкастаро мемонд. Раъно хост ҳамоно ба муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким занг зада, аз рафтори ноҷойи хеш иқрор шавад, ҳарчанд чунин иқроршавии мушти баъди ҷанг ба ёд омадаро мемонд ва боз чашмаш ба соати калони болои миз бархўрд. Ақрабаки соат 2308 дақиқаро нишон медод.
Дар чунин вақт занг задан ба прокуратура маъние надошт.
– Шояд ба милиса занг занед, – шунид ў боз овози қалби хеш.
– Не беҳтараш то субҳ сабр мекунам,чун тасаллои дили бемор худро ором кардани шуд ў.
– Дигар ўро тамоми шаб хоб набурд, чунки ҷисму рўҳаш якҷо нашуданд, ки нашуданд. Ҷисмаш болои бистари мулоим буду рўҳаш дар майдони набард… Чӣ шабе буд, шаби дарозтар аз қарн…
... 37 …

Вақт! Вақт! Мафҳуми ин калима чун рози ниҳоне гоҳ– гоҳ дар тафаккури мо чун довари кирдорҳои хеш рўйи саҳна меояд.
Танҳо вақт ҳолати иҷро ва ё саркаши аз иҷрои амале, ки худи зиндагӣ чун бозии қисмат бар хилофи хоҳиш ё эътирози мо рўйи саҳна овардааст, чун довари аслӣ ба ҳалли чӣ мусбӣ ва ё чӣ манфии он баҳогузорӣ хоҳад кард.
Чун иҷрои коре зарур бошаду мо аз уҳдааш набароем, ҳатман гўшрасамон хоҳанд кард, ки қиммати вақт надонистем ва агар мо дар иҷрои амале шитобкорӣ намуда, сабуриро аз даст диҳем, хоҳем шунид, ки вақт довари ҳақ аст, вале афсўс, ки мо онро қадр накардем. Вақт ин мизонест, ки дар палаҳои он кирдорҳои

пешина
аз 558
навбатӣ