Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мо дар муқобили саҳфаҳои таърих гузошта шудаанд ва нуқтаҳои охиринро ҳам рўйи ин саҳфаҳо бо ҳарфи заринёли «й»
худи вақт хоҳад гузошт…
Дар ҳодисаи таркиши автомашинаи «ВАЗ-2105» дар кўчаи Н.Қарабоев рухдода, вақт бо сабурӣ омехта шуда нафареро аз шикасти рўйирост эмин дошт.
Чун ровии оинаи нилгун сухани охирини хешро дар бораи таркиши мазкур «мақомоти тафтишоти ҳодисаи акти терористӣ» – ро ҳам инкор намекунанд шунид ва боз худи генерал Шокир Шараф ўро ба идора даъват кард, қариб буд торҳои асабаш ба имтиҳони зиндагӣ тоб наоранд.
Рафту агар то субҳ шахсияти ҷабрдидагонро муайян намекарданд акти терористӣ чун назарияи аввалиндараҷаи тафтишот боқӣ мемонд. Дар он сурат райёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил санҷиши ҳодисаи мазкурро ба дўши хеш мегирифт ва муовини сардори РКД шаҳри Ховарон оид ба корҳои фаврӣ- ҷустуҷўйи полковники милиса Ҳотам Илёс наметавонист, шиносоии хешро бо Насим Ёдгор, ки қурбони ин ҷиноят гашта буд инкор намояд. Иқроршавӣ дар ҳама шакл бар зарари худи вай буда, аз шикасти ногузире дар оянда «мужда» медод. Дар урфият мегўянд, ки дузд ҳам худо мегўяду соҳиби гов ҳам. Шояд дуои ин ҳомии қонун, ки ҷомаи меш ба бар карда буд, назди офаридгор мустаҷоб шуд ва таркишро «ҳисоббаробаркунии криминалӣ» арзёбӣ намуда, раёсати шашуми милисаро чун ангушти шашуми инсонӣ аз ташвишу тараддуҳои зиёдатӣ раҳо намуданд, ки довари он вақт буд…
Ҳотам Илёс аслан тортанакеро мемонд, ки байни ҳазорон торҳои танидаи хеш дармонда буд. Не, дурустараш ў шиновареро мемонд, ки аз соҳил хеле дур рафта аст.
Чаҳоряк аср боз бо ҷинояткорон сарукор намуда, як мантиқи оддии зиндагиро нафаҳмид, ки нафаҳмид. Ў нафаҳмид, ки қалби сарди ҷинояткорро ҳатто хоки гур ҳам нарм намекунад, ин ҷо бошад…

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,
В – арна замона дар талаби марди қобил аст,

мегуфт Ороста ва ин ду мисра шеър чун калимаи «бисмиллоҳ»
ҳамеша вирди забони вай гашта буд…

пешина
аз 558
навбатӣ