Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чӣ бошад, ки ў тайи ин як шабонарўз бори чандум суҳбати зиёда аз як сол қабл доштаи хешро бо ҳамсараш Ороста ба ёд овард:
«…Ҳеҷ кас дар ин бора чизе намедонад, нашаваду ман пулҳоро биёраму қиёмат барпо намоӣ?
– Магар ман метавонам ба бахти Камолҷону Шаҳноза зомин шавам?
– Намедонам.
– Дилатро дур набар, ба атроф назар кун: – Магар он қасри сеошёнаи Бурҳон Сафар бо пули маошаш сохта шудааст?
– Ба генерал чақа нашав!
– Майлаш генералро ба ҳоли худ гузорем, охир чунин қасрҳо каманд?
– Каманд ё зиёд ба мо чӣ фарқ дорад, дар ин замона ҳар кас бояд аробаи худашро кашад.
– Ман ҳам мехоҳам мисли дигарон зиндагӣ намоям…»
Ва аз он зиндагие, ки чор девораш нафс буду таҳкурсиаш орзую ҳавас танҳо хамёзаи ҳасрат боқӣ монда…
Ҳар гоҳ ки Ороста ба гусели шавҳар барояд мегўяд:
– Дадои Шаҳноза худатро эҳтиёт намо!

Дар миёни чор девор тахтабандам кардаӣ,
Боз мегўӣ, ки домон тар макун ҳушёр бош,

ба суханони илтиҷоомези ҳамсар боре ҷавоб бигуфт вай.
– Ман худатро ба ягон кирдори баде ҳидоят накардаам,– ранҷида гуфт Ороста.
– О ин шеър аст, чӣ хел шуду нохост ба ёдам омад, – аз гуфтаи хеш пушаймон гашта гуфт Ҳотам Илёс.
– Шеър аст ё ғазал ба ман фарқе надорад, вале хуб мешуд, ки киноягўиятро бас мекардӣ.
– Чун девори намкаш ҳамаашро ба дил гирифт, чунки гуфтораш бо амалаш як нест,– аз дил гузаронд вай ва бо овози шунаво гуфт:
– Ба дил нагир!
Дишаб ўро сари ҳамин андешаҳо автомашинаи хизматӣ то ба пеши бинои идора овард.
– Хуш, чӣ гапҳои нав, – баробари ба даҳлези бино қадам ниҳодан аз навбатдори ба истиқболаш баромада пурсид вай.

пешина
аз 558
навбатӣ