Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Худи америкоиҳо аз ин намуди яроқ ягон бор истифода набурдаанд ва онро ба Шарқ равон карданд. Тапончаи мазкур тирдони 15 тира дошта, дар давоми ду соли охири садаи ХХ қариб ҳашт ҳазор дона истеҳсол шудааст.
Дар айни ҳол Изроил истеҳсоли ин намуди яроқро то муҳлати номуайян боздоштааст. Аслан ба ҷуз идораи ҷосусии хеш «Моссад» боз тамоми ҷосусони дар давлатҳои Шарқ доштааш бо ҳамин намуди яроқ муҷаҳҳазанд. Дар бисёр давлатҳои собиқ муштаракулманофеъ низ борҳо ҷиноят тариқи тапончаи «Джерихо»– 941 ба қайд гирифта шудааст. Сеонистҳои Исроил, ки дар ҳила гуманд, тариқи конструксияи аз он тарафи Уқёнус гирифтаашон бо бисёр душманони хеш тариқи тири худи онҳо ҳисобашонро баробар намудаанд. Ҳарчанд барои ҷосус гирифта гаштани чунин яроқи калонҳаҷм ноқулай ҳам бошад, вале тир барои ў ҳамеша ёфт мешавад. Аз ҷумла тири «Макаров»– и русӣ, «МАБ»– и франсузӣ, «ЗИГ– Зауэр»– и олмонию швейсарӣ, – гуфт Сорбон Ҳомид.
– Дар ҳодисаи имшаба чӣ? – пурсид муфаттиш.
– Ман на бар он андешаам, ки дар ҳодисаи мазкур ҷосус– ҳои сеонистӣ даст доранд, вале чун гап дар сари банкир меравад, ҳамин ҳодисаро ба ёд овардам. Дар асл гўем Изроил ҳамеша бо пулдорон сару кор дорад ва пушту паноҳи онҳост. Метавонед ҳамон Макарови русиро, ки барои мо низ бегона нест, чун яроқи дар куштор истифодашуда ба инобат гиред. Ман ҳам аминам, ки ташхиси баластикӣ хулосаи хеш бар ҳамин хоҳад дод, – ба суоли Фирдавси Ҳаким посух дод соҳиби утоқ.
– Ин тарафи масъаларо ба дўши ташхисгар – балластик мегузорем, – гуфт муфаттиши прокуратура ва аз байни ҳуҷҷатҳои дар пешаш буда нишондоди Самохинаро берун овард.
Аз рўйи нишондоди ягона шоҳид (дар айни вақт) Самохина ў расо соати 1900 аз бинои мағоза берун шудааст. Баробари аз дохили мағоза баромадан ў нафареро, ки дар айни вақт мо гумонбараш мешуморем, паҳлуи рости дари автомашинаи «Жигулӣ», ки ба ҷуз рангаш дигар мо маълумоте дар борааш надорем, дидааст. Самохина моро бар он бовар кунониданӣ мешавад, ки баъди кушодани дари лифт боз ҳамон нафари паҳлуи автомашинаро ба ёд овард ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки гўё Екатерина Андреевна ҳамон нақши пойеро, ки бо туфлии «Саламандра» дар ҷойи исти автомашина дида буд, дар тарафи дигари роҳ ва ҳам дар қариби даромадгоҳи хонаи 25/4 кўчаи Хуросон низ дидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё