Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳангоми дар мавзеи Хушкакдараи ноҳияи Гулобод содир шудани ҷиноят собиқ сарвари ШКД Ҳамид Ҷовид баробари худи зердастон, дурусттараш аз зердастон дида, дар кушодани ҷиноят саҳми бештаре гузошт.
Ба суоли баъзе аз ҳамкорон Ҳамид Ҷовид чунин посух мегуфт, ки дидааст командиреро, ки дар ҷанг аз пушти аскарон давад.
Чун тамоми селобаҳои зиндагӣ то ба милиса мебаранд онро сарваре лозим, ки ба қавли Феликс Эдмундович Дзержинский дасти поку дили сард дошта бошад. Агар чунин хислатро дар корманди милиса надидаед, асло ба ў бовар накунед, – хонда буд ў дар куҷое.
Сорбони Ҳомид боварии комил дошт, ки агар дар фазои идора шароити мўътадили кор танинандоз (гармшавии ҳуҷраҳои сард дар назар аст) гардад, худи Ҳамид Ҷовид бо онҳо дар як қатор рост мешавад.
Барфи нобаҳангоми ду рўзи сарди зимистон паси сар мешуд ва ҳарчанд барф майли аз замин бархестан надошту ба дили атрофиён даҳшат зер кардан мехост, боз мардоне буданд, ки ба зиндагӣ бо чашми нек менигаристанд.
Занги телефон садо доду ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гўшакро бардошта, худро муаррифӣ кард.
– Рафиқ капитан сардори ШКД шуморо мепурсад, – хабар дод навбатдор ва Сорбони Ҳомид аз ҷой бархест…
Баробари вориди дафтари кории сардори ШКД шудан ў беихтиёр даст ба тугмачаи барқии пушти дар бурд ва бо ин каромати хеш сардори идораро аз зери пардаи зулмот, ки қисмаш дуди тамоку буд, берун баровард…
… 21 …
Мақсад аз ба «Олами роз» даъват намудани Насим Ёдгор ин танҳо ҳалли аз варта берун овардани Сарвинози Зоҳир набуд. Не, ин тарафи масъаларо инкор кардан нашояд, чунки дар сурати ҳалли хешро наёфтани ҳамин тарафи масъала ҳам ба рўзгори полковники милиса хатари ҷиддие таҳдид мекард.
Ҳарчӣ буд ё набуд ин танҳо як тарафи танга буд.
Тарафи дигари танга, ки боиси нигаронии хотири муовини сардори РКД-и шаҳри Ховарон оид ба корҳои фаврӣ – ҷустуҷўйӣ шуд, ин Ёсумани Набот буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё