Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ҲАБИБ ЮСУФӢ
(1916 – 1945)
Ҳабиб Юсуфӣ соли 1916 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар оилаи шахси бомаърифат Ҳоҷӣ Юсуф ба дунё омадааст. Ҳабиб солҳои 1925 – 1935 аввал дар мактаби миёна ва баъд дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Соли 1940 Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм мекунад ва ба Сталинобод ба шуъбаи тоҷикистонии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор меояд. Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоир тамоми фаъолияташро ба ҳимояи Ватан равона кард ва дар рӯзи аввали ҷанг «Аз ҳавою обу замин» ном шеър навишта ватандоронро бар зидди душман даъват намуд:
Ватан гирифта саросар намуди ҷанговор,
Биёр, шоири тоҷик суруди ҷанг овар.
Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дохил гардид ва дар Пенза омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм карда, бо рутбаи лейтенант командири батареяи миномётҳо таъин шуд. Шоири ҷанговор дар муҳофизати шаҳри Ленинград, озод кардани Лаби Балтик ва Лаҳистон иштирок дошт ва барои шуҷоату мардонагӣ ба ордени «Ситораи Сурх» ва медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шуд. Шоир дар майдони ҷанг ҳам шеър менавиштааст ва нақшаҳои эҷодии бисёр доштааст. Мутаассифона, ба Ватан баргаштан ба Ҳабиб Юсуфӣ муяссар нагардид ва ӯ 22 феврали соли 1945, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз анҷоми ҷанг, ҳангоми озод намудани деҳаи Вешкуви назди Варшава ба ҳалокат расид.
Шеърҳои навмашқонаи Ҳабиб Юсуфӣ аз синни 17 – содагӣ ба майдон омада, нахустин намунаҳои эҷодиёташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё