Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
соли 1936 ба табъ расидаанд. «Таронаи Ватан» (1939) ягона маҷмӯаест, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ба табъ расидааст. Баъдҳо, «Маҷмӯаи шеърҳо» (1949, 1962), «Роҳи нотамом» (1973) ва «Сатрҳои нотамом» (1987) ном маҷмӯаҳои шоир дар ду китоб чоп шудаанд. Маҷмӯаи «Сатрҳои нотамом» 85 шеъри гуногунжанр, 77 рубоӣ, ду достон ва як қатор тарҷумаҳои Ҳ. Юсуфиро гирд овардааст. Шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудаанд. Махсусан осори дар майдони ҷанг навиштаи шоир то ҳол маълум нестанд. Охирин шеъре, ки то ҳол ба дасти мо расидааст, «Лаҳзаи хурсандии ман» ном дорад ва соли 1943 ҳангоми мудофиаи Ленинград эҷод гардидааст. Дар ин шеър, ки аз 16 банди чаҳормисраъӣ иборат аст, орзую умеди шоир ифода ёфтааст:
Ман ҳам аз ҷон азиз медорам
Офтобу баҳору бодаю ёр,
Бешазору ҳавои хушфорам,
Шеъри ҷанговару садои тор!
Бузург аст орзу, умеди ман,
Гирам аз душманон қасоси мулк.
Пас зи ҷанговари замонашумул,
Бо забони тоҷикӣ нависам роман.
Ҳабиб Юсуфӣ мақолаҳои зиёди илмӣ низ навиштааст. «Пушкин ва Байрон» (1937), «Подшоҳи идрок ва озодӣ» (1939), «Боз якчанд калима дар бораи поэзияи имрӯзаи мо» (1940), «Барои поэзияи муносиби давр» (1940), «Баҳр дар пиёла» (1940), «Шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ» (1941), «Шоири гениялии рус» (1941) барин мақолаҳои адиб ба масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва нақди адабии давр бахшида шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё