Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Як қисмати муҳими эҷодиёти Ҳабиб Юсуфиро тарҷумаи бадеӣ ташкил медиҳад. Фаъолияти тарҷумонии адиб баробари фаъолияти шоирияш ҳангоми донишҷӯӣ оғоз гардида буд ва ӯ бори аввал «Бандии Кавказ» ном достони шоири бузурги рус А.С. Пушкинро тарҷума кардааст. Шоир ҳамчунин ба тарҷумаи осори М.Ю. Лермонтов, Н.А. Некрасов, И.А. Крилов, Т.Г. Шевченко, В.В. Маяковский, Демян Бедний шуғл варзида, сатҳи тарҷумаи бадеиро дар адабиёти тоҷик баланд бардоштааст. Тарҷумаҳои Ҳабиб Юсуфӣ нисбат ба ашъори шоир аз ҷиҳати ҳаҷм ду-се баробар зиёд мебошанд. Матни асарҳои тарҷумашуда ба нусхаи асл мувофиқати комил дорад. Дар айни ҳол ҳангоми тарҷума хусусиятҳои назми тоҷик ҷиддан ба эътибор гирифта мешавад. Ба порчаи «Аллаи зани казак» ном шеъри Лермонтов ҳам дар асл ва ҳам дар тарҷума таваҷҷуҳ намоед.

Асл: Спи, младенец мой прекрасний, Баюшки — баю,
Тихо смотрит месяц ясний В колибель твою.
Стану сказивать я сказки, Песенку пою,
Ти ж дремли, закривши глазки, Баюшки — баю...
Тарҷума: Алла кун, эй бачаи зебоякам, Алла гӯям, аллаё,

Моҳаки тобон нигарад нарм-нарм Сӯйи ту гаҳвораба.

Гуфта диҳам қиссаи зебову хуш,

Лек ту роҳат куну чашмон бипӯш, Алла гӯям, аллаё...

Ҳамин тариқ, Ҳабиб Юсуфӣ умри зиёд надод, вале аз худ мероси гаронбаҳои адабӣ, тарҷумавӣ ва илмӣ ба ёдгор гузошт, ки ба воситаи он зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Ҳабиб Юсуфӣ ҳам дар жанрҳои суннатӣ (чун ғазал, маснавӣ, рубоӣ) ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ асар эҷод кардааст. Шеърҳои шоир ба мавзӯъҳои Ватану ватандорӣ,

пешина
аз 343
навбатӣ