Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

зан ва мавқеи иҷтимоии он, ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ, кору фаъолият, накӯҳиши ҷангу ҷангҷӯён ва васфи табиати зебои диёр бахшида шудаанд. Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо рангу бӯ ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад. Бинобар ин, тамоми ҳастии шоирро фаро гирифтааст:

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама бештар Ватан гӯяд.

Яке аз аввалин шеърҳои суханвар «Ишқи Ватан» (1936) ном дошта, дар шакли маснавӣ (қофияи аа, бб, вв...) эҷод гардидааст:

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр
Ватан ҷони ман, ҳам ҷаҳони ман аст,
Ватан боғ, ҳам бӯстони ман аст.

Дар ин шеър, ки аз 12 байт иборат аст, эҳсоси меҳанпарастӣ ба воситаи такрори калимаи Ватан ва дигар воситаҳои тасвири бадии таъмин гардидааст. Махсусан, ташбеҳкунандаҳои модар, боғ, бӯстон ва ҷон моҳияти аслии Ватанро ба хонанда аён месозад. Санъатҳои талмеҳ ва таҷнис дар байти поён боиси мушаххасӣ ва заминаи воқеии тасвир гардидаанд:

Ҷаҳон даври Кӯвуси Кай дидааст,
Валекин чунин давра кай дидааст?

Калимаи кай агар дар мисраи аввал лақаби шоҳони Эрони қадим бошад, пас дар мисраи дуюм чун ҷонишини саволӣ истифода шудааст. Шоир ба замони тасвир

пешина
аз 343
навбатӣ