Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

эътибори ҷиддӣ медиҳад. Нимаи дувуми солҳои си хавфи ҳуҷуми душман таҳдид мекард. Бинобар ин, дар «Ишқи Ватан», «Ба Ватан», «Ватани дил», «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» ном шеърҳои ватанхоҳакои шоир масъалаи ҳимояи Ватан аз аҷнабиён бардошта шудааст. Ватан дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ маънои васеъ дорад. Дар оғӯши Ватан ҳазорон диёру шаҳр ғунчидааст ва Тоҷикистон як ҷузъи он аст. Шоири тоҷик аз он ифтихор дорад, ки дар Ватани паҳновари ӯ дар як вақт табиати чор фасли сол мушоҳида мешавад:

Ман аҷаб, бас аҷаб Ватан дорам,
Як сӯяш офтобу як сӯ барф.
Офтобаш дур (р) асту барфаш сим,
Баҳри тавсифи ӯ надорам ҳарф.

Ин тасвир, махсусан ба санги қиматбаҳои дурр монанд кардани офтоби Ватан ва ба сим (нуқра) ташбеҳ додани барфи Ватан басо ҷолиб мебошад. Дар шеърҳои «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» ва «Аз ҳавою обу замин» васфи Ватан боз ҳам муАССИРТАР ба қалам омадааст. Зеро саршавии ҷанги мудҳиш Меҳанро дар хатар бигзошт ва барои рафъи ин хавф ишқи сӯзони ватандор ба ёру диёр зарур буд. Дар шеъри аввал Ватан чун паҳлавоне тасвир ёфтааст, ки ҳангоми муҳориба бо рақиб аз дӯстону мухлисон дастгирӣ ва дӯстдории бештареро интизор аст:

Як ҷаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,
То Ватанро дӯст дорад, дӯст дорад то абад,
Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман
Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар.

Дар ашъори дар замони ҷанг эҷодкардаи Ҳабиб Юсуфӣ услуби публитсистии тасвир мавқеъ пайдо мекунад. Шоир эҳсосоти қалбӣ ва ҳаяҷони амиқи худро ба

пешина
аз 343
навбатӣ