Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

воситаи нидоҳои пайдарпай ва хитобаҳо баён намуда, бо ҳамин ба қалбу рӯҳи хонанда таъсир гузоштан мехоҳад. Муроҷиат ба офтоб, ҳаёт, насим ва заводу фабрика нишонаи устуворӣ ва пойдории халқ мебошад ва таъкид бар он дорад, ки тамоми табақоти ҷомеа бояд аз як гиребон сар бароранд. Чанд мисраи шеъри «Аз ҳавою обу замин» ин тавр садо медиҳанд:

На, офтоб! Ту болои мо дурахшон бош!
Ҳаёти мо! Ту чу ҳаррӯзаат хурӯшон бош!
Насими тоза, ту дар боғи мо важидан гир!
Завод, фабрика, ҳозир ба кори майдон бош!

Шоир дар шеъри «Таърих дидааст» мафҳуми халкро мавриди тасвири бадеӣ қарор дода, покию муқаддасӣ ва дар айни ҳол беамон будани интиқоми мардумро исбот менамояд. Матлаи шеъри мазкур иқтидори халкро ба таври возеҳ ифода намуда, дурдонаҳои ҳикматноки шеъри классикии тоҷикро ба хотир меорад:

Шамшери фатҳ ҷилва намуд аз наёми халқ,
Афтод ҳар саре, ки накард эҳтироми халқ.

Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ мавзӯи зан низ мавқеи муносиб дорад. Шоир мувофиқи талаботи давр ҳусну малоҳати бонувони тоҷикро вобаста ба фаъолияти иҷтимоии онҳо тасвир кардааст. Шеърҳои ошиқонаи Ҳабиб Юсуфӣ бо чунин тарзи тасвир аз лирикаи ошиқонаи адабиёти классикии тоҷик фарқ мекунад. Зани тоҷик дар тасвири Ҳабиб Юсуфӣ, хушбахтии худро дар кор мебинад, аз панҷ панҷааш ҳунар мерезад ва чун рафиқи баробарҳуқуқу ҳамрадифи мард дар ҷомеа мавқеи муносиб дорад. Дар шеърҳои «Ба духтари меҳнат», «Ҳусни ту», «Такя ба қорат кунӣ», «Духтари ҳавопаймо», «Ту, духтари ватанӣ» ва як қатор рубоиёти шоир маҳсули

пешина
аз 343
навбатӣ