Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
дониш ва фаъолияти меҳнатӣ будани бақои ҳусни маҳбуба талқин мешавад:
Ту на он дилбар, ки фахр аз зеби рухсорат кунӣ, Такя бар зебоии рӯи чу гулзорат кунӣ.
Ту на аз он моҳрӯёнӣ, ки пеши ошиқон, Ноз бар ширинии лаъли шакарборат кунӣ.
Аз тамоми дилбарон болотарӣ аз он, ки ту Нозу фахру такяро бар донишу корат кунӣ.
Дар шеъри «Духтари ҳавопаймо» шоир бо шавку завқ духтари ҳавопаймои тоҷикро васф мекунад ва ин тасвир дар шакли ғазал басе рангину мафтункунанда ба назар мерасад. Хонанда ба тавассути ташбеҳ ва маҷозу таҷнис матонат ва зебоии духтари тоҷикро эҳсос карда, мафтуни ҷамолу камолоти ӯ мешавад:
Дар осмонию дилат осуда ончунон,
Гӯё ба пеши модари худ орамидааст
Болу пари қавист туро, парзанон парӣ,
Ҷуз ту парӣ ба ҳеҷ куҷо кас надидааст.
Чун киштие, ки синаи яхҳои пирро
Мошинаи ту қалби ҳаворо даридааст.
Ҳабиб Юсуфӣ дар ифодаи мавқеи иҷтимоӣ ва дараҷаи ҳунармандии зани тоҷик бештар шакли рубоиро истифода мекунад, зеро ин жанри шеърӣ дар ифодаи рӯҳи халқӣ ва ҷамъбастҳои бадеии тасвир зиёда мувофиқат дорад. Масалан, дар рубоии зерин фаъолияти бевоситаи маҳбуба ёдрас мегардад. Ҳангоми фаъолият қомати зебои зан ба саҳрои деҳа, саҳни фабрика ва мактаб нур мебахшад ва ҷилваи маҳбуба боиси болидахотирии ошиқ мегардад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё