Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Саҳро биравам, туро ба саҳро бинам,
Фабрика агар дароям, он ҷо бинам.
Гар дохили мактабе шавам, дар мактаб
Аз тоза туро, эй қади зебо, бинам.
Ашъори ба зан бахшидаи Ҳабиб Юсуфӣ асоси воқеӣ дошта, дар онҳо ҳуқуқ ва озодии бонувони тоҷик самимона ва табиӣ тараннум мегардад. Шоир меҳнатро сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ва асоси зиндагии инсонӣ медонад ва ба ишқу муҳаббати инсонӣ низ аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Дар шеърҳои ошиқонаи шоир дилдодагон садоқати якдигарро дар меҳнат месанҷанд ва ошиқ зебоии ёрро ба меҳнат вобаста медонад.
Умуман, ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофиқат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ, ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Шоири ҷангтовар дар муддати кӯтоҳи умр аз қалам ва ҳам аз шамшер самаранок истифода карда, қарзи фарзандии худро назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намудааст.
НАМУНАИ АШЪОР:
Монд бесоҳиб...
Дар оғози ҳаёт
Роҳҳо дигар шуданд,
Он гаҳ расид,
То шавад уммед анбози ҳаёт.
Он, ки дар дил дошт тӯфони сухан,
Он, ки меҷӯшиду достон менавишт,
Он, ки бо сӯзи тамому меҳри пок
Мадҳи хубон, васфи ёрон менавишт.
Он, ки буд умри ҷавонияш қасам,
Дошт савганди муқаддас бар забон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё