Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ёфт майдоне, ки ҳатто андар он
Гум шудан ҳам нест беному нишон.
Ёфт вақте ки ба номи зиндагӣ
Лаҳзаи он мешавад умри абад.
Ёфт қабре, ки аз он баҳри ҷавон
Рӯзгори ҷовидон сар мешавад.
Рафт ӯ аз худ бурун дар як нафас,
Тангно не, вусъатободе бихост.
Рафт сӯе, ки нагирад ҳеҷ кас
Бо дуруду бо сурудаш пешвоз.
Рафт...
Аммо аз раҳи худ барнагашт
Бар қафо чун офтоби кишвараш.
Рафт ҳамчун рӯдҳо баҳри ҳаёт,
Бар сипоси шири поки модараш.
Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада.
Монд бесоҳиб...
Ҳама шеъру суруд
Дар забону дар дилу дар роҳ монд,
Рӯз беғаҳ ношуда ҷовид шуд.
БА ВАТАН Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон, Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон.
Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест, Ҳамчу мурге карда андар шохи меҳрат ошён.
Ту чунон маҳбубай ошиқнавозӣ, меҳри ту Ҷо гирифта дар дили меҳнаткаши рӯи ҷаҳон.
Шавкати дил, шодии дил, ҳастии дил бо ту аст, Ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо, дил ба фармонат равон.
Аз чӣ ман дилро макон дар синаи худ додаам?
З-он ки меҳри ту намуда синаи дилро макон.
Хирмани ғамҳои дилро оташи меҳри ту сӯхт, Доимо дилро баҳор асту баҳораш бехазон.
Дил дар оғӯши чу бӯстони ту доим хуррам аст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё