Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бо ҳазорон дилбарони дилрабои дилситон.
Дил куҷо тоқат намояд душманат гар дам занад,
Аз барои дафъи ӯ кӯшиш намояд ҳар замон.
Ҳамчу Маҷнун дил ба саҳрои ҷунун овора нест,
Масти ҷоми меҳнат асту ёр бо лайливашон.
Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон.

БА ҲАР КУҶОТ РАВАМ, ДИЛ ДИЁРИ МАН ГӮЯД Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам, Забони ман зи ҳама бештар ватан гӯяд.
Ватан, чу нағмасарой аст дил, зи ишқи ту, Туро хазинаи илҳоми хештан гӯяд.
Ба ин таронаву ин рангу бӯ, ки ҳастӣ ту, Созад саросари саҳни туро чаман гӯяд.
Дар оғӯши ту ҳазорон диёру шаҳр бувад, Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд.
Ҳазор як сифататро адо нахоҳад кард, Ҳазор шоир агар асрҳо сухан гӯяд.
Тамоми ҳастии худро фидо кунад ба ту халқ, На сар, на қалб, на дида, на ҷон, на тан гӯяд.
Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш Туро замини ману такягоҳи ман гӯяд.
Хушам, чу ишқи ту Ширин шудастам, ар халқам Маро дар ишқи ту Фарҳоди кӯҳкан гӯяд.
Бигираму бигузорам, ватан: «Қалам бигзор, Бигир тегу ба фарқи адӯ бизан» — гӯяд.
Соли 1938.

МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР

Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гарди зи теғ! Вақти он аст,
Эй сухан!

пешина
аз 343
навбатӣ