Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар!
Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,
Аз шароре тоза гулхан офарад.
Пурҳарорат гар намешуд офтоб,
Зиндагӣ мегашт аз сармо хароб.
Бе ҳарорат санг буду дил набуд,
Дилкушою пурсафо манзил набуд.
Бе ҳарорат не дамидан буд расм,
Не шукуфтан, не расидан буд расм.
Бе ҳарорат дар лабонат ханда нест,
Хандаи чун машъали тобанда нест.
Шоиро, аз сӯхтан ҳаргиз манол,
Сӯхтанро дӯст медорад висол.
То насӯзӣ, сохтан мушкил бувад,
Дил ба ҷонон бохтан мушкил бувад.
Шеър ҳам бояд занад фавворае
Аз танӯри дил чу оташпорае.
Сар занад аз дил, ба дил коре кунад,
Нармтар сангин дили ёре кунад.
Ёр донад, ки чӣ бошад сӯхтан,
Дар вафодорӣ сабак омӯхтан.
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар!
ОШЁНИ БАЛАНД
Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.
Нестӣ ту булбули ҷулӣ, ки афғон сар кунӣ,
Чашмро бо камтарин ашки надомат тар кунӣ.
Бевафоии гули хори биёбон дида ту,
Манзили худро канори сарди гору дар кунӣ.
Ошён гар паст бошад, бод вайронаш кунад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё