Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Баҷҷа ҳам бозичаи санги фалахмонаш кунад.
Гурбаи мискин, ки умре дар ғами болу пар аст,
Ҷӯҷаҳои навпаратро роҳати ҷонаш кунад.
Дуртар парвоз кун аз лона - аз ҷои баланд,
То ки парвози ту ояд дӯстдоронро писанд.
То ба сӯят чашми ҳайрат дӯхта, гӯяд Ватан:
«Эй, хушо гаштаст фарзанди азизам арҷманд».
Гар кунӣ парвоз, парвоз аз уқобон ёд гир,
Аз давиданҳои аспи рӯзгорон ёд гир.
Хоҳ гиррӣ, хоҳ хандӣ, чун баҳорон сабз бош,
Чанги роҳро шустан аз борони найсон ёд гир.
Гар кунӣ парвоз бо ёди падар парвоз кун,
Бобҳои тозаро дар пеши рӯят боз кун.
Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрӯхтанд,
Машъали тобандаи дастони пурэҷоз кун.
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.
Нест чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри худ дар мағз-мағзи ҷон гузор. 1967

БА ИСТИҚБОЛИ БАҲОР
Файзи худро бар сари мо, эй баҳорон, рез-рез,
Аз сари шаҳру деҳоти Тоҷикистон рез-рез.
Наҳрҳои нукраворатро ба саҳроҳои кишт
Чун арақҳои ҷабини марди деҳқон рез-рез.
Даста-даста чида гулҳои сафеди хешро
Дар заминҳои васеи пахтакорон рез-рез.
Ҳамчу нури офтоби бегубори субҳдам
Чашмаҳои софро аз кӯҳсорон рез-рез.
Ҳар куҷо хуррам намо, ки халқи мо по мениҳад,
Бӯ кунад то аз рухи гулҳои хандон, рез-рез.

ЗАМИН
Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин,
Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин.

пешина
аз 343
навбатӣ