Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ҳикмати ояндаи машҳурро:
Хаймаи заррин занад бар рӯи моҳ,
Бар замин аз моҳ то созад нигоҳ.
Як нафас биншин, гапамро гӯш кун,
Суҳбати имрӯзаро пурҷӯш кун.
Аз сафар овардаам савғои хуб,
Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб.
Ёди онҳое, ки ҷонон одаманд,
Дар ғами осудагии оламанд.
Гар ба онҳо дил диҳӣ, ҷон медиҳанд,
Ҷон ба роҳи аҳду паймон медиҳанд,
Бо ту то мурдан бародар мешаванд,
Дар ғаму шодӣ баробар мешаванд.
Сулҳ гӯй, мисли гул хандон шаванд,
Ҷанг гӯй, аз ғазаб тӯфон шаванд.
Пурҳарорат нест бе сулҳ офтоб,
Дар замин ҳам нест файзи беҳисоб,
Нест бахту нест парвози нишот,
Нест ин ҳусну латофат дар ҳаёт.
Халқҳоро ҳастии мо хуб шуд,
Давлати мо - давлати маҳбуб шуд.
Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,
Бин чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.
Шиква дорӣ, ки фалон бадгӯй зан,
Таъна зад, писханд зад рӯзе ба ман.
Чун маро бинад, лабашро каҷ кунад,
Суҳбати бисёр талҳу фач кунад.
Гӯяд ӯ аз беваҳо ҳам бадтарӣ,
Шавҳарат ҳасту вале бешавҳарӣ.
Раҳми кас ояд ба танҳоии ту,
Рӯзҳо, шабҳо ба раҳпоии ту.
Ҷони ширин, ин қадар дигар маранҷ
Аз пичингу таънаи занҳои ланҷ.
Гар зане лаб каҷ намояд, ғам махӯр,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё