Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Менамояд ҳазл шояд, ғам махӯр.
Аз дугона сахт ранҷидан хатост,
(Дӯстонро ноз кардан ҳам равост).
Беҳтар он ки суҳбати дигар кунем,
Бо хаёли дӯстон гап сар кунем.
Чашни шоир Рӯдакиро ёд ор,
Доштӣ дар хона меҳмон бешумор.
Меҳмон аз дуру аз наздик буд,
Оламе дар хонаи тоҷик буд.
Рус омад, турк омад аз дарат,
Духтари ҳиндӣ нишаст андар барат.
Қомати ӯро сарӣ печонда буд,
Дар ҷабинаш холи ҳинду монда буд.
Кокули маъшуқаи ошиқнавоз
Буд мисли мӯйҳои ту дароз.
Чун зани тоҷик - соҳибхоназан
Доштӣ пироҳани атлас ба тан.
Доштӣ дар сар хаёли меҳмон,
Аз чунин ташвиш будӣ шодмон.
Ёд дорӣ, ки ҳабаш биншаста буд,
Ӯ лаби нони туро бишкаста буд.
Дӯстро чашмони ӯ мекофтанд,
Сӯи ҳар кас чун шафақ метофтанд.
Ин писар аз кишвари Ангола буд,
Дар дилаш ғамҳои чандинсола буд.
Сарзаминаш гарчи дорад найшакар,
Гарчи хирман-хирман алмосу гуҳар,
Меҳмон, аммо каси бечора буд,
Хушк - маҳкам мисли оҳанпора буд.
Аз ҷафоҷӯён шикоят дошт ӯ,
Ҳам шикоят, ҳам ҳикоят дошт ӯ.
Чунки ӯ медид дар атрофи хеш
Дӯстони бовафоро беш-беш.
Ман сиёҳам, - гуфт, - авлодам сиёҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё