Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ин сиёҳӣ шуд ба мо гӯё гуноҳ.
Бо ҳабаш торикшаб ҳамранг шуд,
Ин ҷаҳон чун гӯр моро танг шуд.
Бандаҳои халқабаргӯшем мо,
Зиндаҳои хонабардӯшем мо.
Хоҷагон аз мо ғуломон бурдаанд,
Симу зар ҳамён-ҳамён бурдаанд.
Мо на дар зери ҳарорат сӯхтем,
Балки аз зулму асорат сӯхтем.
Сӯхтем аз зарпарастони сафед,
Сӯхтем аз мулкдорони сафед.
Аз ҳабаш ҳастанд гарчи пурҳазар,
Гарчи месозанд дур аз мо гузар,
Гарчи бо мо ҳамтабақ ҳам нестанд,
Ҳамдабистон, ҳамсабақ ҳам нестанд,
Дур, аммо нестанд аз хоки мо,
Аз бари ганчинаву амлоки мо.
Ҳақталошӣ мекунад акнун ҳабаш,
Менамояд зулмро вожгун ҳабаш.
Вақти бедории Африқо расид,
Офтоби субҳи озодӣ дамид.
Дӯстро бисёр мехоҳем мо,
Беғараз ғамхор мехоҳем мо...
Ҷони ширин, ин суханҳоро шунав,
Дардмандонро ту ҳам ҳамдард шав.
То даме ки золиму мазлум ҳаст,
Кас набояд лаҳзаи беғам нишаст.
Он ки бо ёрони худ масрур буд,
Дӯсти ман, шоири машҳур буд –
Тихонов бо мӯйҳои сап-сафед
Кард табдил суҳбати моро ба ид.
Дӯстиро ман аз ӯ омӯхтам,
Кишвари дилро аз ӯ афрӯхтам.
Ман аз ӯ омӯхтам касби адаб,

пешина
аз 343
навбатӣ