Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳам муҳаббат, ҳам рафиқӣ, ҳам ғазаб.
Метавонад ӯ ба дарди дигарон
Ёр гардад чун рафиқи меҳрубон.
Борҳо бо ӯ сафар кардем мо,
Сайри чандин баҳру бар кардем мо.
Регзорому биёбон дидаем,
Сард барфу гарм борон дидаем.
Кӯҳсоронро гузар кардем мо,
Бар нишебиҳо назар кардем мо.
Гоҳ дар зери сари мо санг буд,
Гоҳ манзил қасри Шоҳавранг буд.
Гоҳ медидем фавҷи одамон,
Гоҳ танҳо ахтарони осмон.
Гоҳ шаҳру гаҳ деҳот омӯхтем,
Алгараз, сирри ҳаёт омӯхтем.
Ёд дорам соли чилу нӯҳро,
Тай намуданҳои роҳи кӯҳро.
Дар сари раҳ Ҳиндукӯш паҳлу кашид,
Аз бари домони мо ҳар сӯ кашид.
Мо ба зери кӯҳҳо пинҳон шудем,
Меҳмон дар қасри кӯҳистон шудем.
Корвон мерафт, фарёди ҷарас
Мерасид аз кӯҳҳо бар гӯши кас.
Беҳатар буданд аз мо Бомиён,
Сангпайкар, сангдил бутҳои он.
Офтоб аз мо паноҳ мекард рӯй,
Сояҳо карданд моро ҷӯстуҷӯй.
Боз шуд дарвозаи Искандарӣ,
Бе дами шамшеру зарби ханҷаре.
Дар шаби торик пеш омад «Дуоб»,
Меҳрубон шуд, дод бар мо ҷои хоб.
Кулбаи хаспӯшро тақдим кард,
Мизбон дар пеши дар таъзим кард.
Ҷои бистар бурӯ густурда буд,
Гар чароге буд, он ҳам мурда буд.

пешина
аз 343
навбатӣ