Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар миёни хона гулхан даргирифт,
Шифти онро дуду хокистар гирифт...
Дудҳо чун ресмон печон шуданд,
Обҳои чашми мо резон шуданд.
Давра биншастем дар гирди алав,
Чой ҷӯшиду муҳайё шуд палав.
Бо ғазаб мезад ба бому дар шамол,
Гӯш кар мекард монандӣ шагол.
Ҷанг бо сармо вале гулхан намуд,
Хонаро ҳам гарм, ҳам равшан намуд.
Соҳиби ин хона афғони ҷавон
Шодмон буд аз қудуми меҳмон.
Дӯстона меҳмондорӣ намуд,
То тавонист, ӯ ба мо ёрӣ намуд.
Хуб медонист, ки мо кистем,
Аз куҷо, дар ҷустуҷӯи чистем.
Балки ӯ мехонд дар симои мо
Достони ишқи беҳамтои мо.
Балки пай мебурд аз чашмони мо
Орзуи халқи ҷоноҷони мо.
Балки ӯ медид дар пеши назар
Кишвари маҳбуби моро ҷилвагар.
Балки тобон дид ӯ нури хирад
Дар нигоҳи шоири Ленинград.
Балки истиқболи кӯҳистони он
Аз миёни дуди гулхан шуд аён.
Балки ин афғони озодипараст
Мисли дил дар синаҳои мо нишаст.
Балки ӯ мегуфт: моён дӯстем,
Мисли ду магзе, ки дар як пӯстем.
Бо шумо ҳамсояи деринаем,
Дӯстони бегараз, бекинаем.
Аз миёни хокҳои мо убур
Мекунад Ому ба мисли хатти нур.
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,

пешина
аз 343
навбатӣ