Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.
Чодари пашмин ба сар андохта,
Сар чу кӯҳи Ҳиндукуш афрохта,
Рафт афғон, ёди мо бо хеш бурд,
Дил ба мо, моро ба хоби хуш супурд.
То саҳар месӯхт гулхан кам-камак
Хонаро мекард равшан кам-камак.
Бод мезад сар ба кӯҳу кӯҳсор,
Корвон мешуд ба рафтан интизор.
Дидаи мо сӯи оташпора шуд,
Хоб гум аз дидаҳо якбора шуд.
Боз ҳам омад ба сар ёди ватан,
Ёди фарзанди азизу ёди зан.
Шоири маҳбуб бо мо ёр гашт,
Мо надонистем, ки шаб чун гузашт.
Дӯстро кас дар сафар бояд шинохт,
Метавон дилро ба ин сон дӯст бохт.
Ҷони ширин, тоҷи сар кун дӯстро,
Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро.
Дӯстонро аз сафар овардаам,
Аз тамоми баҳру бар овардаам.
Омадам, дар Тоҷикистони азиз
То бубинам рӯи ёрони азиз.
То ба онҳо ман ҳикоятҳо кунам,
Маҷлиси хурсандие барпо кунам.
То бароям бар сари кӯҳсорҳо,
Сер бинам кишварамро борҳо.
То ба боғу бӯстонаш по ниҳам,
По ба сӯи водию саҳро ниҳам.
То тавонам халқро ёрӣ диҳам,
Аз зафар, аз фатҳ ахборе диҳам.
То ба гӯши дилбарон хонам суруд,
То бигӯям дӯстонамро дуруд.
То равам, дар тӯйҳо соқӣ шавам,
Талху ширин чун майи боқӣ шавам.

пешина
аз 343
навбатӣ