Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
То ба халқам боз бахшам ҷӯши дил,
То гузорам бори нав бар дӯши дил.
То кунам таъзим мисли пахтачин,
Чорқат гардида бар сӯи замин.
То намоям гӯш ҳар як набзро,
Парварам то ҳар ниҳоли сабзро.
То шавам монандӣ дасти коргар
Ҳукмрони кӯраҳои пуршарар.
Қатрае аз чашмаи ҷӯшон шавам,
Заррае аз шӯълаи тобон шавам.
Пас, чаро пурсанд баъзе дӯстон,
«Чандрӯза омадӣ ту меҳмон?»
Пас чаро гӯянд ёрон: «Марҳабо!
Меҳмони Тоҷикистон, марҳабо!?»
Меҳмон ман нестам, ёрон, ҳазар,
Аз чунин гапҳои ночаспон ҳазар.
Ман наям бегона дар ин сарзамин,
Ман наям дур аз диёри дилнишин.
Ман наям беошён паррандае,
Ман наям дар лаб тасодуф хандае.
Дар ҳамин ҷой аст манзилгоҳи ман,
Дар ҳамин ҷой аст равшан роҳи ман.
Дар ҳамин ҷо ман ба дунё омадам,
Дар ҳамин ҷо чашмбино омадам.
Дар ҳамин ҷо ёфтам авҷу камол,
Дар ҳамин ҷо зиндагии безавол,
Дар ҳамин ҷо шуд садои ман баланд,
Дар ҳамин ҷо дӯстро гаштам писанд.
Ҷони ширин, дар ҷавонӣ сохтем
Хонае ҳарду, ба ӯ дил бохтем.
Бингар, он торафт чун дигар шавад,
Хонаи тоҷик равшантар шавад.
Бингар, он оғӯш чун во мекунад,
Во ба сӯи халқи дунё мекунад.
Бингар, он чун бо ҳақиқат ёр шуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё