Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Дӯсташ ҳам дар ҷаҳон бисёр шуд.
Ҷони ширин, аз саодатҳои ту
Худ гувоҳӣ медиҳад маъвои ту!
ДАСТИ МОДАР
Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрухтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,
Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кӯшқҳо андохтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин
Бахтро кардӣ ба фарзандат карин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагӯён тифлро хобондай,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондай,
Бо ҳамон дасте, ки ширам додай,
Сӯям оғӯшат калон бикшодай,
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ,
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бӯ кардай,
Шонаро бар кокулу мӯ кардай,
Сӯи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!
МОДАРАМ
Тифл мондам аз ту, модар, рӯи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.
Дар сурогат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз, модар, кӯи ту дар ёд нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё