Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Рафтам, аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷӯ,
Рафта, бо санги мазори ту намудам гуфтугӯ,
Гӯш кардам, рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рӯ ба рӯ.
Рӯд мегуфтам, ки ӯ оби маро нӯшида буд,
Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман кӯшида буд,
Ғӯза мегуфтам, ки карбоси маро пӯшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дӯшида буд.
Чашма мегуфтам, ки омад кӯза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.
Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз захр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бадқаҳр буд.
Модари бечораи ту мухтасар сар то ба по
Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд.
Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,

  • Модарат, - мегуфт ӯ, - дар кунҷи лаб як хол дошт.
    Кулчарӯ, занҷирмӯ, дар қадду қомат чун ниҳол,
    Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.
    Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,
    Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
    Хизмати шоиста бар ӯру диёре мекунам,
    Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.
    Дӯст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
    Рӯдҳои нукрагину нилгун офоқро,
    Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
    Соддадил қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.
    Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
    Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам,
    Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
    Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!
пешина
аз 343
навбатӣ