Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ДИЛИ МОДАР Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд, Ба сели ашк мешуд ғарк манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд, Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман, Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман, Ба уммеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ, Намурдам, гарчи бо чашмам ачал ҳарранг дидам ман.
Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам, Шаби тӯи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам.
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз, Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз, Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз, Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
БИГЗОР, ЗАН БОШАД МУДОМ
Баҳр агар тӯфон кунад, гӯянд: - Кори офтоб,
Бод агар исён кунад, гӯянд: - Кори офтоб.
Абр агар борону барф орад, гуноҳи офтоб,
Жолаи чун санг агар борад, гуноҳи офтоб.
Офтоби шуълаафкан чор мавсим оварад,
Гул кунад, сабзад табиат дар паноҳи офтоб.
Гулшане гардад хазон аз иштибоҳи офтоб.
Сардии дай, нармии фасли баҳор аз офтоб,
Рӯзҳои равшану шабҳои тор аз офтоб.
Равшаниборӣ кунад самти шимол аз офтоб,
Байраки заррин занад бар сар чибол аз офтоб.
ПАС ҳама гӯянд, ки: бигзор, бошад офтоб,
Ёр бошад бо замин бисёр, бошад офтоб.
Зан, ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,
Кори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст.
Гоҳ мебинӣ, ки ором аст чун файзи саҳар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё