Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Гоҳ мебинӣ, ки меҷӯшад чу дарёи Хазар.
Гоҳ монандӣ асал ширину хушбӯяст он,
Гоҳ чин монанди мавҷи баҳр дар рӯяст он.
Гоҳ айши зиндагиро боз ҳам ширин кунад,
Гоҳ бо неши забони оҳиста дил захмин кунад.
Гоҳ густоху гаҳе рӯ пӯшад аз осори шарм,
Гоҳ шоду гоҳ ғамгин, гоҳ сарду гоҳ нарм.
Зан, ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,
Кори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст.
Пас ҳама гӯянд, ки: бигзор, зан бошад мудом,
Зиндагӣ бо зан хуш асту умр бо зан бардавом. 1966

ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғӯши гарм,
Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо.
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.
Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгухар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.
Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ҳама, чун лом мемондем мо.
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо. 1950

СИТОРАИ МАН
Шаб надидам туро, Ситораи ман,
Шӯълавар дар ҳаво, Ситораи ман!
Дар ҳисоби ситораҳои фазо
Бе ту кардам хато, Ситораи ман.
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,

пешина
аз 343
навбатӣ