Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
Бо умеди саҳар нишастам ман,
Дида аз роҳи ту набастам ман,
Гардани хобро шикастам ман,
Дар вафо устувор ҳастам ман.
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
Пахта дар интизори чидани туст,
Шавқманди гарав буридани туст,
Ман ҳаводори эътибори туам,
Дил ба умеди сер дидани туст.
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
Гарчи дар ном худ Ситора туӣ,
Дар латофат ситорапора туӣ,
Ба ту Меҳан ситораи нав дод,
Ҷуфт шуд, ҷуфт, пас ситора туӣ!
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,
Кӯшаи пурзиё ситораи ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё