Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
СОТИМ УЛУҒЗОДА
(1911-1997)
Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Волидони Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил будаанд. Модараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст. Сотимхон дар синни нӯҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад.
Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1929 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ва ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидати комил менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар сутунмуҳраҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, А. Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехӯрад ва аз забони профессори рус М.С.
Андреев пандеро ба маънои “халқи худро шинос” ба гӯш мегирад. Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш С. Улуғзода бо донишҷӯи факултети шарқшиносии Университети Осиёи Миёна Клавдия Благовещенская дӯстӣ пайдо намуда, баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд ва онҳо соҳиби ду фарзанд – Азиз ва Норахон гардиданд. Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод омада, дар идораҳои рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони Сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (ҳоло “Садои Шарқ”) фаъолият мекунад. Солҳои 1934 – 1937 вазифаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё