Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Фаъолияти журналистии С. Улуғзодаро водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳоти тоҷик сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад. Дар айни ҳол, дар ниҳоди ӯ шавку рағбати тадқиқи таърихии адабиёти тоҷик торафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии Маскав дохил гардида, ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сотим Улуғзода ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи армия ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро иҷро мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба кори эҷодӣ шуғл меварзад.

Сарнавишти С. Улуғзода баъди солҳои панҷоҳум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз, ки хатмкардаи Университети давлатии ба номи Ломоносови Маскав буду он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, соли 1967 ҳангоми сафари расмӣ ба Ҳиндустон аз сафоратхонаи Англия паноҳгоҳи сиёсӣ хоста ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса С. Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шӯравӣ гирифтор гардид. Нависандаро аз сафи ҳизби коммунист ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд. Аз нимаи дувуми солҳои 80-ум сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва С. Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ адиб бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Маскавро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод. Соли 1997 романи

пешина
аз 343
навбатӣ