Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

«Фирдавсӣ»-и С. Улуғзода ба сифати «романи сол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфта шуда, нависанда ба баҳои чиҳил сикаи тилло (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикоӣ) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд, ки соҳибашро дар зиндагиаш дарёфт намуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода 25 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ҳазорон алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахти ҷумҳурӣ тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо нависандаи маъруфи тоҷик видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии С. Улуғзода дар мазори Лучоб қарор гирифт.

Сотим Улуғзода нависандаи сермаҳсул буда, аз худ мероси бойи адабӣ, илмӣ ва публитсистиву тарҷумавӣ боқӣ гузоштааст. Фаъолияти нигорандагии адиб аз айёми таҳсилаш дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд оғоз меёбад. Дар «Овози тоҷик», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Комсомоли Тоҷикистон» барин рӯзнома ва маҷаллаҳо аввалин навиштаҳояш дар шакли хабару мақола чоп мешаванд. С. Улуғзода 18 сол дошт, ки бо ҳамкории донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести «Сом ва Дик»-и М.А. Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Баъдҳо С. Улуғзода ин соҳаро бомуваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиёти садаи XX-и тоҷик эътибор пайдо кард. Тарҷумаҳои С. Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э. Л. Войнич «Занбӯр» (1931), В. Билл-Белосерковский «Ҳаёт даъват мекунад» (1935), Н. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), К. Голдонии «Хизматгори ду хоҷа» (1944), А.Н. Островский «Гунаҳкорони бегуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар»

пешина
аз 343
навбатӣ