Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

табаррукро (яъне, зӯру қувватро) ба гандагӣ сарф мекунад. Дузд бекор аст, аз бекор Худо ҳам безор...»

Дар «Субҳи ҷавонии мо» образи занон, аз ҷумла, модари Собир, Зебӣ, Нисохон бо муҳаббату самимият ва воқеӣ ба тасвир омадааст. Модари Собир зани порсо, босавод ва оқила мебошад. Ӯ Зебӣ ном духтари хоҳаршӯяшро баробари фарзандонаш тарбия мекунад ва ба ин духтари ятим хондан ва навиштанро ёд медиҳад. Дар маҳаллаи Шиблии Тошканд то ба кори завод даромадани Умархон оилаи онҳо рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронад. Дар ин айём модари Собир бори зиндагиро баробари шавҳар, ҳатто аз ӯ зиёдтар ба дӯш мегирад: «Модарам доим чеҳрааш хира буд, кам гап мезад. Саҳар аз ҳама барвақт мехест ва шаб аз ҳама дер мехобид. Кӯдакашро парасторӣ мекард, хӯрок мепухт, либос мешуст, аз субҳ то шом кор мекард ва шаб боз бача мемаконд ва гаҳвора меҷунбонд. Гули рӯяш хазон шуда буд». Дар мисоли боло нависанда ба воситаи ҷумлаҳои содаи хуллас ва тафсилӣ вазъияти тоқатфарсои модари Собирро бомаҳорат тасвир кардааст. Махсусан, ҷумлаи «гули рӯяш хазон шуда буд» бо маънии рамзии худ ба ҷисму ҷони модар таъсири корӣ расонидани шароити ноҳинҷорро басо муассир ҷамъбаст намудааст. Қиссаи тарҷумаиҳолии «Субҳи ҷавонии мо» бо забони фасеҳу дилкаш, услуби рехтаи баён, фарогирии ҳодисаву воқеаҳои давр ва ҷамъбастҳои бадеии онҳо дар адабиёти давраи нави тоҷик мавқеи сазовор дорад.

Романи “Восеъ” Шӯриши Восеъ соли 1888 дар Бухорои Шарқӣ ба амал омада, пояи ҳукумати Мангитияро ба ларза овард. Дар насри бадеӣ асари калонҳаҷме, ки образи Восеъро ба тамоми паҳлу мавриди тасвир қарор дода бошад, романи «Восеъ» аст. С. Улуғзода ба таърихи муборизаҳои адолатхоҳанаи мардуми кӯҳистони тоҷик ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри ХХ мароқ зоҳир намуд. Баъдтар нависанда ба омӯзиши

пешина
аз 343
навбатӣ