Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

шӯриши мардуми тоҷик бо сардории Восеъ ҷиддан машғул шуда солҳои 1961-1967 романи «Восеъ»-ро таълиф кард ва соли 1969 аввалин чопи китобии он дастраси хонанда гардид.

“Восеъ” ба жанри романи таърихӣ тааллуқ дошта, аз 33 боб иборат аст. Хонанда дар ду боби аввал нахуст ба симои манфӣ — Мирзоакрамбой ва баъд ба қаҳрамони асосӣ — Восеъ шинос мешавад. Ин ду образ (махсусан Восеъ) аз аввал то охири асар иштирок намуда, дар ҳалли зиддият ва масъалаҳои асосии асар мавқеи марказӣ доранд. Дар боби дуюм ҷувозкундае тасвир ёфтааст, ки онро Восеъ ба пушт бардошта ба хонааш мебарад:

“Восеъ ҷувозкундаро бағал карду озод бардошта ба болои харсанге гузошт ва баъд онро ба пушташ гирифта, ҳам шуда, калавида-калавида равон шуд.

  • Намурӣ, Восеъ! Ёдат ба хайр!.. Қанд бизан!. - қоил шуда таҳсин мекарданд шариконаш аз қафо.

Восеъ бори вазнини худро ба ҳавлиаш расонда, дар пеши дари ҷувозхона бо эҳтиёт ба замин гузошт... Ва ба ҷувозкунда даст зада, мамнунона илова намуд:

-Соз! Аз тутӣ пир тарошондамаш. Дар ин, иншооллоҳ, бист-сӣ сол ҷувоз мекашам, занак”

Ин ҷувозкунда дар охири боби 33-юм боз зикр гардидааст. Вақте ки хоҳари Восеъ — Фотима аз Шаҳрисабз баргашта, хабари ба дор кашидани бародарашро ба ҳамдиёронаш мерасонад, мардуми Дараи Мухтор ва деҳоти гирду атрофи он як ҳафта азо мегиранд:

“Дар поёни ҳафтаи азодорӣ пирамарде ба ҷувозхонаи Восеъ ишора карда, ба ҷамоат чунин гуфт:

-Додарон! Дар ин ҷо Восеъ ҷувоз мекашид. Ин ҷувозкундаро худаш фармуда тарошонда буд. Биёед, аҳду паймон кунем, ки ҳаминро аз Восеъ ба ёдгор нигоҳ медорем. Восеи шаҳид дар ватанаш қабр надорад, ҳамин ҷувозхона ба ҷойи қабраш зиёратгоҳи ӯ шавад. Омин оллоҳу акбар!”

пешина
аз 343
навбатӣ