Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хурду калон ҳама бо ҳамроҳии пирамард даст ба рӯй кашиданд”.

Ин ҷувозкунда, ки ҳоло ҳам побарҷо буда, чун зиёратгоҳи мардум эътибор дорад, маънои рамзӣ касб кардааст ва нишонаи он аст, ки халқи тоҷик Восеъ барин фарзандони баҳодуру сарбаланди худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Баъди боби дувум боз дар боби охири асар такрор шудани ҷузъи ҷувозкунда робитаи мантиқии қисматҳои романро қувват бахшидааст. Мисли ҳамин, истифодаи бамаврид ва моҳиронаи манзараи табиат, қиёфа (портрет), муколама ва порчаҳои шеърӣ бандубасти лаҳзаҳои алоҳидаи “Восеъ”-ро таъмин намуда, боиси афзоиши ҷозибаи тасвир гардидааст. Сужети “Восеъ” ҳодисаву воқеаҳоеро, ки дар охирҳои асри XIX дар қаламрави Бухорои Шарқӣ ба вуқӯъ пайваста буд, дарбар мегирад.

С. Улуғзода хонандаро аввал ба амалиёти ҳарисонаи Мирзоакрамбой ном мансабдори аморати Бухоро шинос намуда, баъд ба тасвири зиндагии Восеъ ном марди кӯҳистонӣ ва аҳли оилаи ӯ мегузарад. Восеъ ҷувозкаш бо ҳалолкорӣ, қавииродагӣ ва ёриву мададгорӣ дар байни ҳамдиён эътибори калон пайдо мекунад. Дар Бухорои Шарқӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва аҳволи мардуми меҳнатӣ сол то сол бад ва тоқатфарсо мешавад. Дар ҳамин вазъияти барои аҳолии мавзеъҳои Ховалинг, Балҷувон ва Сариҳосор сангин амири нави Бухоро Абдулаҳадхон (1885-1910) Мирзоакрамбойро мири Балҷувон таъин менамояд ва супориш медиҳад, ки аз аҳолӣ андози сесоларо ҷамъ намояд. Мирзоакрамбой молу пули зиёде сарф карда, ба ин мансаб соҳиб шуда буд. Бинобар ин, дар бадали ду ҳафта ҳароҷоташро ду баробар рӯёнда, барои хазинаи амир ҳам ҳадяи муносиб тайёр намуд. Ин амали беадолотона ва аз даҳони мардум кашида гирифтани охирин луқмаи нон косаи сабри аҳолиро лабрез намуд ва боиси сар задани шӯриш гардид.

пешина
аз 343
навбатӣ