Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Деҳқонону чӯпонон ва дигар табақаҳои камбизоати аҳолии бекигарии Балҷувон бо калтаку шохину белу каланд ва тешаву табар мусаллаҳ гардида, “дод аз дасти манғит” гӯён сарбозони бекии Балҷувонро торумор намуданд. Бек фирор кард. Амир Абдулаҳадхон ба кӯмаки мири шикастхӯрда ҳазор тан сарбози варзидаву мусаллаҳ фиристод.
Ҳокими Ҳисор Остонақул - қушбегӣ ба сарбозони аз Бухоро омада дастаеро илова намуда, ба Балҷувон сафар намуд. Шӯришгарон ба муқобили сарбозони аз Ҳисор омада, мири Кӯлоб ва дастаи ғоратгари Туғай мардонавор ҷангиданд. Аммо бо белу каланд ба муқобили сарбозони мусаллаҳ истодагӣ кардан душвор буд. Оқибат шӯриш ба шикаст рӯ ба рӯ омад. Восеъро бо дӯстонаш (Назир, Одина, Саид мерган, Нозим, Давлат Аюб) дастгир намуда, аввалан ёронашро ба қатл расонданд ва баъд худашро ба ҳузури амир Абдулаҳадхон бурданд. Чун амир дар Шаҳрисабз буд, Восеъро баъди ба амир нишон додан ба дор овехтанд.
Сужети асар бо таъкиди қадршиносии ҳамдиёрон, ки чувозкундаи Восеъро то ҳол аз харобшавӣ эмин дошта, деҳаи Дараи Мухторро ба зиёратгоҳ табдил додаанд, ба охир мерасад.
Дар маркази роман образи Восеъ қарор дорад. Тасвири ин образ аз лаҳзаи ба дӯредгарии Дараи Мухтор тарошидани чувозкунандаро супориш кардан оғоз меёбад. Дар ин ҳолат Восеъ соҳиби зан, се фарзанд ва обрӯю эътибор мебошад. Баъдтар нависанда руҷӯъ намуда, воқеаҳои даврони ҷавонӣ, ба Назири сайёд бародархонд шудан, Аноргул ном духтарро ба занӣ гирифтан ва Шакар ном падари ғамхору ҳалолкор доштани Восеъро тасвир менамояд. Ин лаҳзаҳо сарчашмаи ташаккули характери қаҳрамон мебошанд. Восеъ аз ҳама хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархурдор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё