Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Мудом меҳнат мекунад, паҳлавон аст, нангу номусро дар ҷойи аввал мегузорад ва меъёри асосии ӯ дар зиндагӣ ҳақиқату адолат аст. Восеъ Ризо ном ятимбачаро ба тарбияи худ мегирад ва ба занаш, ки ба хона овардани ин бачаи оворагардро намехост, мегӯяд: “Аммо, ман мегӯям, ӯ бачаи хуб аст. Писархондаш кунем, савоб мешавад. Фоидааш ба ӯ, савобаш ба мо. Ту ба шумиИ ӯ, ба қилиқҳои бемазааш нигоҳ накун, ҷони ширин, инҳо ҳама аз бесариву бенасиби аст. Ман донистам, ҷавҳари бача пок аст, тарбияташ кунем, одам мешавад, ба ман дастёри хуб мешавад”
Восеъ дар ҷӯстуҷӯйи бародархондаш Назир ба Ҳисору Қаршӣ ва Шаҳрисабзу Самарқанд сафар мекунад, дар мусофират ба беадолатию ноинсофиҳои мансабдорон дучор мешавад. Дар Самарқанд ба воситаи Муллосафар ном ҳамдиёраш ба ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш шинос мегардад. Ошноӣ ба зиндагии пурмоҷарои сокинони шаҳрҳои номбурда ҷаҳонбинӣ ва ҳисси худшиносии Восеъро афзун гардонда, мантиқи гуфтори ӯро боз ҳам қувват мебахшад. Пешвои шӯришгарон ба ҳар гуна таҳқир оҷизона тан додани шахсеро чунин маҳкум менамояд: “Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офарандаатро муттаҳам кардаӣ. Туро ба ноҳақ хор кунанд, зери по кунанду ту хап истӣ, номардӣ, ору номус надорӣ; занат ва фарзандонат, ёрӯ дӯстонат ҳақ доранд, ки аз ту рӯй гардонанд”. Восеъ ба зарбаҳои зиндагӣ мардонавор тоб меорад. Вақте ки сарбозони амир бандиҳоро мебурданд, ду нафар зани сарбараҳна, пойлуч ва саропо хоколуд ба муқобилияти сарбозон нигоҳ накарда пеш баромаданӣ мешаванд. Восеъ онҳоро мешиносад: яке духтараш Гулйзор ва дигаре хоҳараш Фотима буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё