Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
-Ота –а-а!.. Ота –а-а!.. – рӯканону мӯканон дод мезад Гулизор. Восеъ қадам нигоҳ дошт.
-Духтарҷонам!.. Хоҳаракам! – аз ҷигар фарёд кашид ӯ.
- Алвидоъ! Ба модарат бигӯ, Гулизор, ба додарақонат бигӯ, падари шумо ба золимон сар хам накард, ҷангид, шаҳид шуд!.
С. Улуғзода дар тасвири характери фардӣ ва симои ҳақиқии Восеъ аз ҷузъҳои бадеии сар хам накардан, қад барафрохта рост истодан бо маҳорат истифода кардааст. Аз ин ҷиҳат, вохӯрии Восеъи асир бо амир Абдулаҳдхон омӯзанда аст. Амир Абдулаҳдхон сарвари шӯришгарони тоҷикро, ки пояи ҳукуматашро ба ларза оварда буд, дидан мехоҳад. Вохӯрии Восеъ бо амир дар ҳавлии қалъаи Шаҳрисабз ташкил мешавад. Вақте ки амир аз дари қалъа намудор мегардад, мансабдорон, сипоҳиён, нӯкарон-ҳама якбора ба таъзим хам мешаванд. “Дар байни саллаҳои сафеду сабзу кабуд ва телпакҳои сиёҳу сурхтобу хокистарранги қафқозии қариб то ба замин хамшуда танҳо Восеъ қад барафрохта рост меистод. Амир ба вай чашм дӯхт, вай ҳам ба амир чашм дӯхт, Восеъ гӯё бо нигоҳаш ба вай мегуфт: “Ту маро дидан хостӣ. Инак ман! Бубин! Душмани ту ҳама монанди мананд! Ман ҳоло асири туам, аммо ба ту сар хам намекунам, аз ту наметарсам!”
С. Улуғзода дар шахси Восеъ симои барҷастае офарид, ки аз корномаҳои он мардуми тоҷик солҳои сол дарси хештаншиносӣ меомӯзад. Аз ҷумла, Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Саидаҳмад Каримов барин ҳамдиёрони Восеъ ба хотири дифоъ аз нангу номуси инсонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонии ҳамватани хешро такрор карданд.
Дар роман Назир, Ризо, Нозим, Одина, Давлат, Аюб, Муллосафар, Саидалӣ барин персонажҳои мусбат ширкат меварзанд ва ҳар кадоми онҳо дар инкишофи воқеаҳо ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё