Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳалли зиддияти асар саҳми муайян доранд. Дар байни ёрон ва наздикони Восеъ образи писархонд ва баъдҳо домоди ӯ – Ризо зиёд диққатҷалбкунанда аст. Покиву росткорӣ, шавқу завқи ҷавонӣ, далерию чобукӣ ва ҷуръату кордонии ин ҷавон хонандаро ба ваҷд меорад. Махсусан, муқобилияти Ризо ба сарбозони Остонақул – қушбегӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Вахш симои ӯро хеле хуб намоён месозад. Ризо ба муқобили душман аввал гулӯлапаронӣ ва баъд сангпаронӣ мекунад ва чун як қисми сарбозон ба воситаи амад аз дарё гузаштанӣ мешаванд, ӯ худро ба об андохта ба амад мерасад ва бо кордча гупсарҳои таги амадро чок карда, сарбозонро бо тиру туфангу шамшерҳошон ғарқ мекунанд. Ризо вақте ки ба соҳил мебарояд, тир мехӯрад. Нозим Ризоро дар бағал гирифта чунин нола мекунад:

– Садкаат шавам, Ризоҷон, ту коре кардӣ, ки ҳеҷ фарзанди одам накардааст. Номи туро дар қиссаҳо нависанд, меарзад. Кошки тир ба ман мерасиду ту сиҳат мемондӣ.

Дар қатори симоҳои мусбат образи Муллосафар мавқеи муносиб дорад. Муллосафар типи ҷавонони кӯҳистоние мебошад, ки дар шаҳр таҳсил карда, илмҳои гуногун ва ҳунарҳои заргарӣ, наққошӣ, меҳрканӣ, хаттотиро аз худ кардааст. Баъди шиносоӣ ба ақидаҳои маорифпарварии Алломаи Дамирӣ дар ӯ инқилоби фикрӣ пайдо мешавад. Восеъ ва Назир дар Самарқанд чанд муддат дар хонаи Муллосафар зиндагӣ мекунанд ва аз андешаҳои маорифпарварии ӯ баҳра мебардоранд. Муллосафар дар бораи давлатдорони замонаш, аз ҷумла, чунин андеша дорад: “Худои таоло аз ин амирони ҷоҳил, вазирони коҳил, сипоҳиёни гумроҳи ғофил кайҳо рӯй гардондааст”. Ва муҳокимаҳои мантиқиашро чунин хулоса мекунад: “Давлати амир дер намепояд”.

пешина
аз 343
навбатӣ