Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Мутаассифона, Муллосафар то охир ба ақидаҳои иҷтимоии худ устувор намемонад, оқибати нохуши шӯришро ҳис карда, дар таҳлука меафтад. Хатои калони Муллосафар ин буд, ки ӯ ба савганди риёкоронаи Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис оид ба бахшидани “гуноҳи” Восеъ бовар карда, дар паси обпари Гулдара паноҳ бурдани дӯсташро ошкор месозад. Муллосафар чанд лаҳза халосӣ ва озодии Восеъро дар хаёл оварда, дар дил хурсандӣ мекард. Вале чун яқин кард, ки Восеъ, Назир ва Давлат Аюбро ба Бухоро бурда мекушанд, фаҳмид, ки беихтиёр ба дӯстони худ хиёнат кардааст. Ин фоҷиа барои ӯ бисёр вазнин буда, оқибат боиси ҳалокаташ гардид. Муллосафар ба дастаи бандиён расида, дар назди Восеъ худро хиёнаткор номид ва баъд ба хонаи Ҳоҷӣ Яъқуб рафта ба ӯ дарафтид:

“Эй беимон! Каззоби қасамзада!- дар нимторикии маҳтобшаб ба гиребони мударрис бехудона чанг зад Муллосафар. – Фиребгари дӯзахӣ! Восеъ куҷост?! Ту ӯро ба куштан додӣ? Ту дағопешаи кофиркеш динат, имонатро ба манғит фурӯхтӣ!» Ин марди фиребхӯрда дар коҳдони Ҳоҷӣ Яъқуб ҷон дод. Фоҷиаи Муллосафар фоҷиаи зиёиёне буд, ки ба ҷараёни пурталотуми зиндагӣ назари воқеъбинона дӯхта натавонистанд.

Дар роман дар қатори Фотима, Аноргул, Гулӣзор ва Заррагул барин образҳои мусбат симоҳои манфие чун Марзия ва Лутфия низ тасвир ёфтаанд. Аз образҳои мусбат, пеш аз ҳама, хоҳари Восеъ – Фотима дар хотири хонанда нақш мебандад. Фотима ҳамагӣ дар се лаҳза (дар бобҳои IV, XXV ва XXXIII) фаъолият дорад. Симои Фотима махсусан дар боби охири асар хеле муассир ба назар мерасад. Вақте ки сарбозон Восеъ ва ду нафар бандии дигарро аз Балҷувон ҷониби Ҳисор мебаранд, “Фотима монанди девонаҳо афтону хезон дод зада” ба корвон ҳамроҳ мешавад. Сарбозон ҳарчанд кӯшиш

пешина
аз 343
навбатӣ