Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
мекунанд, ӯро аз корвон дур карда наметавонанд. Дар роҳ Фотима пӯшокҳои Восеъро мешӯяд, нон, курут, меваи хушк барин хӯрданиҳоеро, ки бошандагони маҳаллаҳои сари роҳ ба ӯ медоданд, ба бародараш пешкаш менамояд.
Хоҳари дилсӯз то пояи дори Шаҳрисабз ба бародараш қувват бахшида, охирин нигоҳи ӯро дар худ эҳсос мекунад ва боз пойи пиёда, танҳову саргардон ба зодгоҳаш баргашта, хабари сарбаландона ба марг рӯ ба рӯ гаштани бародари шаҳидашро ба ҳамдиёронаш мерасонад: “Акама ба дори баланд кашидан. Акам натарсид, сарбаланд ҷон дод. Халқон гуфтанд: «Ёдуш ба хайр, баҳодур будӣ!»”
Нависанда бо тасвири пурсӯзи ҷонфидоиҳои Фотима нисбат ба бародари гирифтораш ба офаридани симои миллии духтари тоҷик муваффақ гаштааст. Дар боби XXI лаҳзаи ҳайрбоди Восеъ бо аҳли оилааш тасвир ёфтааст.
Восеъ ба шӯриш печидани норозигии мардумро дида, аҳли оилаашро ба деҳаи кӯҳии Баландсар гусел менамояд ва ҳангоми ҳайрухуш ҳамсари азизашро дилбардорӣ менамояд. Аноргул низ ба шавҳараш ҳайрухуш мекунад ва аз ҳар ибора ва ҷумлаи ӯ бӯйи меҳр, садоқат ва вафодорӣ меояд:
- Доғ кардӣ маро, Восеъ, диламро об кардӣ, - гуфт Аноргул. - Илоҳӣ сиҳатсаломат, хушу хуррам гашта биой. Хонаи манғит бисӯзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард... Ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам ба манғит теғ мекашидам. Ман туро аз барои шердилӣ, мардонагӣ, ростқавлиат дӯст доштам, ҳозир аз пештара ҳам зиёд дӯстат медорам... Тани зори ман дар ин ҷо ё дар Баландсар мемонад, аммо дилам, ҷонам бо туст. Ман ҳам аз ту розиям, Восеъ, сад бор розӣ...
Марзия ва Лутфия бошанд, аз образҳои мусбат бо ҷохилӣ, беномусӣ ва бадтинативу бахилӣ фарқ доранд.
Макру ҳилла ва рашку ҳасад дар ниҳоди онҳо чунон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё