Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
пурқувват мебошанд, ки ҳар ду ба куштор даст задаанд. Марзия зоҳиран бадрӯй ва ботинан нопок аст ва ба ҳар ҷое, ки қадам гузорад, он ҷо ба вайрона табдил меёбад.
Назири сайёд баъди вафоти занаш ба Марзия хонадор шуда, дар андак муддат хонахароб ва сарсону саргардон мегардад. Ягона дилхушии Назир набераи дӯстӯяки дусолааш Азиза буд. Марзия ҳамин тифли бегуноҳро ба ҷарӣ тела дода мекушад ва бо ҳамин оилаи Назирро тамоман бадбахт мегардонад. Умуман, Марзия ва Лутфия симоҳои манфур боиси бадбахтиҳои мардуми бегуноҳ гардиданд.
Дар байни образҳои манфии асар Мирзоакрамбой, амири ҷафопеша Абдулаҳадхон, Ҷобирдоруға, Саидасрор ва Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис мавқеи бештаре доранд. Махсусан, кирдор ва фаъолияти Мирзоакрамбой ҷолиб аст. Ҳирси манфиатҷӯӣ ва мансабталабӣ тамоми вуҷуди Мирзоакрамбойро фаро гирифтааст. Симои Мирзоакрамбойи мансабталаб ҳангоми ба амри Абдулаҳадхон мисли бедона ба “ҷанг” даромаданаш хеле ночиз ва нафратовар ба назар мерасад: “Мирзоакрами шӯрбахт хоҳу нохоҳ ҳам шуда, ҳамчунин ҳолати чорпо ба худ гирифту ба ҷойи бедонай хоини худ ба ҷанг даромад. Ҳоҷикул ва ӯ ба якдигарашон нӯл мезаданд, каллаҷанг мекарданд, якдигарашонро ба тагашон пахш менамуданд. Ҳоҷикул мисли бедона бол меафшонд, питпилиқ мекард ва гоҳо бедона буданашро фаромӯш карда монандӣ хар ҷуфтак мезад. Оқибат Мирзоакрамбойи фарбеҳу ғафс ба обу арақ ғӯтида, нафасаш танг шуда ғалтида монд. Пешхизматони ҳоким ӯро ба пойғаҳ кашида ба сараш аз сатил оби хунук рехтанд. Бечора тамоми аз ҳол рафта қариб буд, ки қолиб тиҳӣ кунад”. Хислату характери манфури Мирзоакрамбой аз забони зани сеюмаш ба таври возеҳ ошкор гардидааст. Вақте ки модари Зебӣ хабари ба Абдулаҳадхон пешкаш намудани духтари ноболиғашро мешунавад, ӯ ба Мирзоакрамбой

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё